- қалб
- I[قلب]а1. узви марказии низоми гардиши хун дар бадани инсон ва ҳайвонот, дил; ба тариқи истиора: хонаи қалб, шишаи қалб2. маҷ. ботин, замир3. маҷ. миёна, васат, марказ: қалби дара, қалби кӯҳ, қалби кӯҳсорон; қалби лашкар қувваи асосии лашкар, ки дар миёна ҷой мегирад; аз самими қалб аз таҳи дил, аз сидқи дил, бо камоли майл; аз қалби пок (ё соф) ниг. аз самими қалб; бо қалби шикаста маъюсона, маҳзунона; қалби касе аз задан мондан вафот кардан, аз олам гузаштан; қалби касе нарм гардидан бедор шудани ҳисси раҳм дар касе; қалби касеро об кардан ниг. дил(-и касеро об кардан); қалби касе тапидан ба изтироб афтодан; ҳаросон шудан; қалби касеро шикастан ниг. дил; қуввати қалб ёфтан қавидил шудан, ҷуръат пайдо кардан; ба қалби якдигар роҳ ёфтан якдигарро дӯст доштан, ошиқи якдигар шудан◊ ба қалби реш-реши касе намак пошидан (ё намакпошӣ кардан) дарду ғами касеро афзун кардан; муқ. ба болои сӯхта – намакоб; ба қалби сӯзони касе об пошидан оташи ишқу муҳаббати касеро фурӯ нишондан; дили касеро аз худ хунук кардан; муқ. ҳаври дили касеро паст кардан; дар дили касе ҷо шудан ба касе ошиқ шудан, касеро сахт дӯст доштан; то қалб дар задан будан то зинда будан, тамоми умрII[قلب]а1. кит. дигаргун кардан, тағйир додан; вожгун кардан, чаппагардон кардан2. қалбакӣ, носара, сохта, тақаллубӣ: пули қалб, сиккаи қалб3. адш. яке аз санъатҳои лафзӣ, ки дар натиҷаи аз охир, яъне чаппа хондан калимаву таркибе ё тамоман байте пайдо мешавад, мас., зор – роз, реш – шер; дасти касе қалб будан киноя аз дузд ва қаллоб будан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.